Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Семинар-машварат ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои таъмини амният

404

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тибқи нақша чорабиниҳои Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур бо мақсади такмили маҳорати ҳайати шахсии мақомотҳои таъмини амният ҳангоми иштирок дар амалиётҳои махсус ва ҳолатҳои фавқулода семинар машварати омӯзишӣ-таълимӣ баргузор гашт. 

405

Дар семинари мазкур роҳбарият ва шахсони масъули МКД, Прокуратура, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Хадамоти гумруки назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комендатураи ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд иштирок доштанд.
Чорабиниро сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ифтитоҳ намуда, баргузории онро барои такмили маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ муфид хонд.

407408

Таъкид гардид, ки семинар бо мақсади ҳамоҳангии фаъолияти дастаҷамъонаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи таъиноти уҳдадориҳои хизматӣ нигаронида шуда барои омодагии ҳайати шахсӣ замина мегузорад.

Акбар Шарифӣ
майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика