Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани мардумфиребӣ бо баҳонаи додани хона ва қитъаи замин

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 50-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми октябри соли 2019, директори ҶДММ «Эҳё» дар шаҳри Душанбе, марди 60-солаи сокини кӯчаи Яккачинор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 176 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои сохтмонаш идома дошта, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров аз ошёнаи 8-ум хонаи 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаҳои 338 қисми 2 ва 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир кардани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз ҳудуди деҳаи Ортабуз замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика