Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

692

Санаи 23-юми январи соли 2020 вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Абдувалиев Раҳимҷон Худойдодович бо мақсади иштироки шаҳрвандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар ин самт ҷалби сокинони касбу кори гуногун ба ҳамкорӣ бо Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар Қасри фарҳанги ҷавонон ба номи “Лоиқ Шералӣ” баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур бо мусоидати Мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ходимони дин, масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Дар оғози вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро оғоз намуда, ба ҳозирин барои иштирок дар вохӯрии навбатӣ арзи сипос намуда, барои маърӯза ва идомаи вохӯрӣ сухан ба сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдувалиев Раҳимҷон Худойдодович дода шуд.
Мавсуф мақсади чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дода, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлубро омили таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагӣ дар ҷомеа таъкид намуд.

693694

Ҳамзамон муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, фаҳмонида дода шуд.
Каримзода Садбарг, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика