Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар бинобар сабаби беаҳамиятии ронанда

Рӯзи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Зоидов Фирдавсҷон Фурқатович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зарзамин ба самти ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур бо мусофир, Манонов Алишер Аюбҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ҳангоми наздик шудан ба роҳи оҳан ба чароғи роҳнамо ва дастурҳои навбатдор беаҳамиятӣ карда, хатти роҳи оҳани Хуҷанд-Қайроққумро убур намудааст. 

Дар ин вақт қатора (тепловоз) ТЭЗЗА- 01/75, ки таҳти идораи машинист Қурбонов Комилҷон Турсуналиевич қарор дошт, ба қисмати дари пеши автомашина бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофир Манонов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст. Ронанда автомашинаи зикргардида Зоидов Ф.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика