Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян ва ошкор шудани қаллобиҳо

023Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини ноҳияи Сино бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи апрели соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С”-ро ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки санаи 23-юми июни соли 2019 марди 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёна, воқеъ дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Доир ба ҳодисаи мазкур тафтишот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика