Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ

360

Рӯзи 18-уми январи соли 2020 бо мақсади иштироки шаҳрвандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар ин самт ҷалби сокинони касбу кори гуногун ба ҳамкорӣ, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо доираи васеи фаъолон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур баргузор гашт. Вохӯрии мазкур бо мусоидати Мақомотҳои иҷрояи шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифта, дар баробари фаъолон муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо, ходимони дин, масъулини шуъбаҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқот сардори РВКД дар вилояти Суғд Қудратулло Назарзода ҳадафи чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дода, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлубро омили таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагӣ дар ҷомеа унвон кард.

361363

Хатарҳои терроризму экстремизм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст аз ҳар як сокини сайёра зиракии сиёсӣ ва тадбирҷӯии саривақтиро талаб менамояд. Ва дар ин самт сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ бояд бетараф набошанд. Ҳамкорӣ ё робитаи пайвастаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон аз таъсиррасониҳои пешгирикунандае маҳсуб меёбад, ки дар таҷрибаи кории мақомоти милитсия натиҷаи чунин ҳамкорӣ ба мушоҳида мерасад, таъкид рафт дар чорабинӣ.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика