Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алоқаманди бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

357

358Рӯзи 18-уми январи соли 2020 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Раёсати мазкур генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода бо муовинони сардорони ШВКД-ҳо оид ба хизмат, муовинони сардорони шуъбаҳо оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, сардорони шуъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сардорони минтақаи хизматӣ ва нозирони минтақавии милитсияи ШВКД шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода иброз дошт, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ, робитаи қавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун меҳвари асосии фаъолият қабул гардидааст ва дар ин раванд нозирони минтақавӣ бояд ҳамкориро бо аҳолӣ устувор намуда, нисбати ҳодисаю воқеаҳое, ки амнияти ҷомеаро халалдор мекунанд, бетараф набошанд.
Ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шароити кории нозирони минтақавии милитсия беҳтар гардида истода, онҳо бо шароити мусоиди корӣ, ҳуҷраҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Ҳадафи асосии кормандони милитсия пешгириву ошкорсозии ҷинояту ҷинояткорӣ ва бо аҳолӣ бештар ҳамкорӣ намудан, самтҳои вобастакардашударо хуб дарк кардан мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокдорон баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастурҳои мушаххас дода шуд.
Сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Файзуллозода Амрулло ба сухан баромада, оид ба ҳолати мубориза зидди ҷинояткорӣ ва натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли сипаришуда маълумот дода, вобаста ба самтҳои мухталифи мусоидати кормандони милитсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, шомилшавии баъзе аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, суханронӣ намуд.

359
Аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин ҷода боз ҳам фаъолнокӣ зоҳир намоянд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика