Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Темурмалику Файзобод

Рӯзи 17-уми январи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобоев Вайсиддин Сайдабдураҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кангурт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Талбаков Сайдаъзам Саидабдураҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Корез, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, санаи 19-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА РИО», Нуралиев Саъдӣ Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Роғун дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010», таҳти идораи Кабутов Мирзоалӣ Давлатёрович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Роғун, бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21010», Раҳимов Сулаймон Салимович, соли таваллудаш 1987 ва Каримова Шаъмигул Олимовна, соли таваллудаш 1959, сокинони шаҳри Роғун, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дигари дар дохили воситаҳои нақлиёт буда, Чақалов Ҷонибек, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Роғун, Азамова Моҳрухсор, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Файзобод, Холиқов Суҳроб, соли таваллудаш 1995, Зоирова Дилором, соли таваллудаш 1979, сокинони шаҳри Душанбе, Буриева Уруна, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ронандагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика