Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархӯрди 4 автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ҳалокати 4 нафар дар ин садамаҳо

Рӯзи 13-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Рустамов Тоҷиддин Бозорович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ», дар ҳудуди деҳаи Гулдараи шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомшина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Исоев Карим Олимович, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и дуюм, Исоев К.О. ва мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и якум Дадабоев Умедҷон Мавлонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ноболиғ Ҳакимов Насимҷон Сафарович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари он Асроров Саидҷаъфар Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 13-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳимов Амирхон Ҷумаевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Навободи поёни ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Нуралиев Шамсуддинхон Нуриддинович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб, бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и якум, шаҳрванд Собирова Гулҷаҳон, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Аловиддини ноҳияи Фархор дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Мирзоева Зебонисо Қаюмовна, соли таваллудаш 1963 ва ронандаҳо Нуралиев Ш.Н ва Раҳимов А.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика