Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эътимоду боварии аҳолӣ нисбати кормандони милитсия меафзояд

350

Рӯзи 3-юми январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон чорабинӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои раёсати мазкур баргузор гардид.

Нахуст, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, сипас сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадом аз кормандони милитсия бурдбориву комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф қайд кард, ки имрӯзҳо кормандони мақомот боварию эътиқоди аҳолиро ба худ бештар намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ нақши назаррас доранд.
Соли сипаришуда бурдбориҳои назаррасеро дар самти фаъолияти кормандони милитсия ба бор оварда, самтҳои афзалияноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудсозии шароитҳо дар кору фаъолияти кормандон қобили арҷгузорист.

348

Барои хизматҳои софдилона ва содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самтҳои хизматӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, интизоми намунавӣ ва бахшида ба «Соли нави милодӣ» як қатор кормандни мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо «Ифтихорномаҳои фахрӣ», маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика