Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии маърифатӣ бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ

345

Бо ибтикори роҳбарияти шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд ва МИҲД ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии намояндагони мақомоти корхои дохилӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи мазкур баргузор гашт. Вохӯрии маърифатӣ бо мақсади ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирӣ аз экстремизму терроризм ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ҷараён гирифт.

346347

Аз баромади маърӯзачиён, раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим, муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Қодирӣ Ғолиб Нодир ва раиси ҷамоати деҳоти Мастчоҳ Доробзода Туроб ширкаткунандагони чорабинӣ оиди ғамхориҳои рӯзафзун ва сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқовимат бо унсурҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз хавфу хатари экстремизму терроризм ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар минтақа маълумот гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки робитаи аҳолӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсия ҳамчун як нерӯи тавоно метавонад устувории тартибот ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика