Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқ бар Савганди худ

335

Рӯзи 30-юми декабри соли 2019 дар қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабинии идона бахшида ба Соли нави милодӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал- лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода ҳозиринро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, қайд кард, ки дар соли сипаришуда таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба пешравию комёбиҳо ва дастовардҳои калони илмиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардиданд. Имрӯз моро зарур аст, бо садоқат ва самимияти худ ба давлату миллат баҳри ҳифзи дастовардҳои азими Ватани азизамон кору фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоӣ, рушду нумӯи ин сарзамин саҳми арзанда гузошта, марзу буми ин сарзаминро бо ҷон сипар шавем.
Командири қисми низомии 3503 подполковники хизмати дохилӣ Тоирзода Муҳаммад ба сухан баромада, иброз дошт, ки сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли кишвари мо арзишҳои миллии халқи тоҷик ба шумор мераванд ва мо низомиёни кишвар ба Савганди худ содиқ ҳастему дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада, барои ҳифзи миллату давлати хеш ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омодаем.
Аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон як қатор афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳа барои хизматҳои софдилона ва содиқона бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

338

Дар идомаи чорабинӣ барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Мо посдори номи нек, пуртоқатем, пурқудратем.
Размандагони ин диёр, бахшандаи амниятем.
Сарбози бонангем мо, шерони халқу давлатем.
Мисли сипар истодаем, содиқ бар Савганди худ, содиқ бар Савганди худ.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика