Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ

644

 

Дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сардори шуъба полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Полвон бо ҷавонони фаъоли шаҳри мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия баҳри пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд, доир гашт. Мақсади чорабинӣ боз ҳам устувортар намудани ҳамкории ҷавонон бо милитсия ва шунидани фикру мулоҳизаи эшон ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва зиёд намудани сафи ҷавонони худогоҳу ватандӯст унвон карда шуд.
Сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронӣ иброз дошт, ки иқдоми созандаи ҷавонон, ташаббускорию ояндабинии онҳо таъминкунандаи фардои дурахшони ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҳукумати мамлакат ҳар як амали шоистаи ҷавононро, ки баҳри солимӣ ва пешрафти ҷомеа гузошта мешавад бо самимият қабул ва қадр менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷавонони фаъол тинҷию осудагии Ватанро омили хуби таълиму тарбия ва зиндагии шоиста арзёбӣ намуда, пос доштани онро қарзи шаҳрвандии ҳар соҳибватан донистанд.
Дар хотима барои ҳамкории судманд бо мақомоти милитсия Бурҳониён О.П. ба ҷавонони фаъол миннатдорӣ намуда, якчанд нафари онҳоро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

645647648649

 

Қобили қайд аст, ки дар таҷрибаи ВКД намунаи зиёди ҳамкории ҷавонони фаъолро бо милитсия дидан мумкин аст, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ гузошта шудааст.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика