Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси хештаншиносӣ

637

Имрӯз (06.12.с.2019), тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ дар толори асосии Вазорат дарси хизматӣ дар мавзӯи “Шинохти хештан, барои инсони комил шудан” бо иштироки таърихнигор Зафари Мирзоён баргузор гардид. 

Сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ба чорабинӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки миллату давлат, сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат намоянд. Аз ин рӯ омӯхтани таърих яке аз омилҳои муфид дар тарбияи ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон мебошад. Мавсуф бо ишора аз порчаҳои “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба шинохти хештан зикр кард, ки танҳо дар якҷоягӣ ва аз як гиребон сар бароварда, баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат барои давлату миллат хизмат намоем.

638639

Таърихнигор Зафари Мирзоён вобаста ба таърихи инкишоф ва рушди халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки ҷашнҳои суннативу миллии Сада, Наврӯз ва Меҳргон, ки таърихи чандҳазорсола доранд мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ ва дӯстиву рафоқат даъват менамоянд. Номбурда иброз дошт, ки дар асарҳои таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули худшиносӣ дар доираи андешаи миллӣ бо мақсади ҳифзи Истиқлолияти кишвар дар шароити бархурдҳои манфиатҳои сиёсӣ ва тамаддун чун воситаи калидӣ дар давлатсозӣ таҳлил гардидаанд. 

Зикр гардид, ки давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ, пешрафт ва амалӣ шудани нақшаҳои дурнамои рушд, ки барои таъмини зиндагии шоиста нигаронида шудаанд ба худогоҳию худшиносӣ вобастагии зич доранд. Худогоҳию худшиносӣ омилҳои меҳварӣ ва калидии давлатсозию ҷомеасозӣ мебошанд.

640641

Дар идомаи чорабинӣ кормандони ВКД ба таърихнигор Зафар Мирзоён саволҳои худро вобаста ба унсурҳои худшиносӣ пешниҳод намуда, барои худ ҷавобҳои мушаххас пайдо намуданд.

Эҳсон Абдуллозода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика