Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ дар РВКД дар ВМКБ

633

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар саҳни бинои РВКД дар ВМКБ машқҳои низомӣ нишон дода шуда, ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи техникаи муосири ҳарбӣ ва муҳимоти ҷангӣ дидан намуданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду боши сохторҳои низомӣ беҳтар гардида, пойгоҳи моддиву техникии ин ниҳод бо техникаи ҳозиразамон ва муҳимоти ҷангӣ таъмин шудааст.
Баъди тамошои техникаву муҳимоти ҷангӣ дар толори РВКД дар ВМКБ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Кормандони ин ниҳоди низомиро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба рӯзи касбиашон самимона шодбош намуд. Қайд гардид, ки Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД вазифа ва супоришҳои давлату миллатро сарбаландона иҷро менамоянд, зеро ин ниҳоди низомӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа, махсусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнину душвор бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангини таърих бо сарбаландӣ гузаштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки Раёсати мазкур дар ҳамаи чорабинӣ ва амалиётҳои зидди қонунвайронкунандагон дар сафи пеши мубориза қарор дошта, дар ин самт ҷасорату корнамоии бесобиқа зоҳир намудаанд.
Зикр шуд, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ беш аз 2 ҳазору 700 нафар кормандони мақомоти милитсия, аз ҷумла Воҳидҳои таъиноти махсус ВКД ҷони ҷавони худро нисор кардаанд, ба хотири гиромӣ доштани хотираи неки ин ҷавонмардони далери Ватан бо дақиқаи хомӯшӣ хотири онҳо пос дошта шуд.

634635

Аз номи Ҳокимияти иҷроияи давлатии ВМКБ Алишер Мирзонаботов, муовини якуми Раиси ВМКБ ҳайати шахсии Воҳидхои таъиноти махсусро, ки дар ҳифзи дастовардҳои давлати сохибистиқлоли Тоҷикистон корҳои шоистаеро анҷом додаанд, табрик намуда, барояшон тансиҳативу рӯзгори осуда ва дар иҷрои вазифаҳои басо мушкил ва пурифтихорашон комёбиҳои беназир таманно намуд.
Дар чорабинӣ сардори РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Муҳаммад Меликзода аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ин ниҳод, ки ба 5-уми декабри соли 1995 рост меояд, ёдовар шуд, ки ҷумҳурии мо дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ қарор гирифта буд. Новобаста аз вазъияти ноороми он давра, ҷавонони далеру ватандӯст барои ҳимояи сохти конститутсионӣ дар сафи ниҳодҳои қудратӣ баҳри ҳимояи халқу Ватани худ, камари ҳиммат бастанд, ки онҳо далерон, ҷасурон ва мардони кишвари худ буданд, зеро на ҳар кас ҷасорат мекарду ирода менамуд, ки дар даст силоҳ гирифта марзу бум ва халқу мардуми худро ҳимоя созад.
Ба табрикоти Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ дар ВМКБ ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Шермамад Ҷонмамадов омада фарзандони баномуси Воҳидҳои таъиноти махсусро табрику таҳният намуда, зикр кард, ки хизматҳои шабонарӯзии шуморо дар шаҳри Хоруғ ва вилоят баҳри таъмини волоияти қонун, тартибу низом хурду бузурги вилоят гиромӣ медоранд.
Раиси Шуъбаи Бадахшонии нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан бори дигар аз ҷонбозиҳои кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҶТ дар он рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта сухан намуда, саҳми арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон муҳим маънидод кард.
Кайд гардид, ки дар ҷаҳони таҳавуллоти босуръат дар самти таъмини амнияти давлат ва ҷомеа ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо аз ҳар як корманд маҳорати баланди касбӣ, зиракии сиёсӣ, кордониву садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ масъулини Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ва як қатор кормандони ин ниҳод, ҳамкасбони худро бо ин санаи таърихӣ - Рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди низомӣ муборакбод намуданд.
Ҳамзамон порчаҳои шеърӣ аз ашъори адибони муосиру классики тоҷик аз ҷониби гуруҳи фаъоли «Авангард»-и ВМКБ ва ротаҳои воҳидҳои мазкури шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қироат карда шуданд.

636

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар ВМКБ ба як зумра кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ бо нишони сарисинагӣ, Ифтихорномаву Сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва маблағҳои пуливу молӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Чоршанбе Д. Н., майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика