Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён

Рӯзи 5-уми декабри соли 2019, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Комба”, Собиров Фаррух Собирович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” таҳти идораи ронанда, Набиев Шарофиддин Шарбатович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Абдуллоев Ёрмаҳмад Холматович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, ронандагони автомашинаҳои мазкур Собиров Ф.С. ва Набиев Ш.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии вилояти Хатлон бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика