Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҷашнӣ дар Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд

626

Рӯзи 5-уми декабри соли 2019 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии ҷашнӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал – майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардорони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва ҳайати шахсии Даста иштирок намуданд.

627628629

Муовини Вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсат ва раиси шаҳри Бӯстон маърӯзаи табрикотӣ намуда, мавқеи диловарони Дастаро дар барҳамзании гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муқовимати устувор дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ назаррас арзёбӣ карданд. Тавре таъкид гардид, фаъолият ва кору хизмат дар ҳайати Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД нишонаи садоқат ба сарзамин, дӯстдории Ватан ва мактаби мардонагист. Имрӯзҳо ба сафи Воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ ҷавонони ҷасуру далер, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман обутобёфта ҷалб карда шудаанд, ки аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Ва ҳифзи амнияти сарзамин шиори зиндагии эшон аст.
Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия аз рӯзи таъсисёбӣ 5-уми декабри соли 1995 то ба имрӯз дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории кормандон такмил, бо техникаву таҷҳизотҳои муосир таъмин ва ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст. Хизмати содиқонаи хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияро Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД ҳамеша қадр мекунанд. Дар баробари таъмин будан бо шароити мусоиди корӣ ва таъминоти моддӣ ҳавасмандиҳои зиёди иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон нисбати кормандони ин воҳиди мақомоти милитсия карда шудааст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудааст.

630632631

Дар иртибот ба ин санаи таърихӣ бо Фармони Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо кормандони фаъоли Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКД дар вилояти Суғд бо медалу нишон ва Сипосномаву Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Чорабинӣ бо гузашти низомӣ ва оростани дастархони идона ҷамъбаст гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика