Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воҳидҳои таъиноти махсус ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд

358

Рӯзи 5-уми декабри соли 2019 дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Абдуллозода Файзиддин Абдулло баромад намуда, ҳозирин ва ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ба муносибати таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории худро такмил дода, бо техникаву таҷҳизотҳои муосир таъмин гардидааст ва имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус як қатор кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

359

Инчунин бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ба кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дастархони идона ороста шуд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика