Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ёвон

610

611Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи аҳли ҷомеа мебошад.
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохӯрии сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвон полковники милитсия Шарифзода Ҷамшед бо иштироки доираи васеи аҳли ҷамоатчигӣ ва раисони маҳаллаю фаъолон, намояндагони шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, имомхатибон оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, фаҳмонидани оқибатҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон полковники милитсия Шарифзода Ҷ., сараввал ҳисоботи натиҷаи фаъолияти хизматии шуъбаро дар 10-моҳи соли равон ба иштирокдорон пешниҳод намуда, муҳимияти ҳамкории милитсия бо аҳолиро қайд карда, саҳми шаҳрвандони содиқи Ватанро, ки ҳамарӯза якҷоя бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ иштирок ва ҳиссагузорӣ намуда истодаанд, назаррас арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва иштироки бархе нафарони гумроҳ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонону ноболиғон ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, мебошад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
Инчунин мафҳуму моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

612

Дар хотимаи вохӯрӣ аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳодҳо барои беҳбуд бахшидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони милитсия мавриди омӯзиш қарор дода шуданд, ки барои беҳтар намудани фаъолият истифода мегарданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика