Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти милитсия

609

Дар чорабинии мақсадноке, ки рӯзи 3-юми декабр дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат гузаронида шуд, масъулини шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Тавре натиҷаи ин тадбирандешӣ нишон дод, давомоти таҳсил ва қоидаҳои омадурафт ба дарс, инчунин тарзи либоспӯшии донишҷӯёни ин донишкада ба талабот ҷавобгӯ мебошанд.

Дар суҳбат бо маъмурияти донишкадаи мазкур, ки пас аз анҷоми чорабинии мақсаднок сурат гирифт, кормандони милитсия доир ба масъалаҳои доғи рӯз андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷавонон, пеш аз ҳама донишҷӯён бояд дар омӯзиши илм ва азхуд намудани донишҳои замонавӣ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки тамоми талаботи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимиро риояву иҷро кунанд. 

Тавре зикр карда шуд, маъмурияти донишкада бояд дар робитаи зич бо волидони донишҷӯён қарор дошта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдор бояд пеши роҳи ҳама гуна амалҳои хилофи қонун гирифта шаванд.

Воқеан, бояд гуфт, ки он гунае, ки мушоҳидаҳо нишон доданд, сифати таълиму тарбия дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, сатҳи саводнокии донишҷӯёни ин боргоҳи илм ба талабот мутобиқ мебошад.

Дар навбати худ, масъулини ин донишкада аз сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан аз робитаи наздик доштани донишкада бо мақомоти милитсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар воқеъ, пайваста гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда ва суҳбату вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯён ва волидони онҳо ба раванди таълиму тарбия дар донишкадаи номбурда таъсири мусбат расонида, боиси пешгирии ҳар гуна кирдорҳои номатлуб дар байни донишҷуёни он гардидааст.

Абдулло ШОҲИЁН,

Дилшод ХОЛОВ

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика