Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Ҷаласаи корӣ бо мақсади пешгирӣ ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтор

605

Рӯзи 2-юми декабр дар толори конфронсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва оқибатҳои нохуши он ҷаласаи дастурӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо доир гашт. Дар кори ҷаласа роҳбарияти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.
Риояи вазъи бехатарӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳо, ташкилоту корхона ва маҳаллаҳои аҳолинишин, вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳии зиддисухторӣ, санҷиш ва таъмини ҳолатҳои бехатарӣ аз сӯхтор, бартараф намудани монеаҳои барои сӯхторхомӯшкунӣ халалворидкунанда дар ҳудуди бозорҳо ва биноҳои баландошёна мавзӯи меҳварии ҷаласаро ташкил дод.

606607608

Гуфта шуд, ки фасли зимистон мавсими оташтаҳдидкунанда ба шумор меравад ва кормандони хадамоти давлатии оташнишониро зарур аст якҷо бо дигар кормандони шуъбаву хадамотҳои ВКД баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор чорабиниҳои назоратиро пурзӯр кунанд. Зимни санҷишҳои назоратӣ таваҷҷуҳ намудан ба риояи қоидаҳои амалкунанда ҳангоми истифодаи қувваи барқ омили пешгирикунанда аз ҳодисаҳои сӯхтор унвон карда шуд.
Масъулин дастур гирифтанд, ки уҳдадории хизматиро иҷро намуда вазъи бехатарӣ аз сӯхторро дар минтақа таъмин намоянд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика