Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии мақсаднок дар донишгоҳ

638Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактабу маориф аз масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд, ки тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад. 

Ҳамин аст, ки рӯзи 2-юми декабр кормандони шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки ин мактаби олии таълимӣ яке аз муассисаҳои муҳимми ҷумҳурӣ дар самти мутобиқи замон тайёр кардани кадрҳо маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар маҳсуб меёбад. Ин донишгоҳ ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин донишгоҳ, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ, иштироки онҳо дар дарсҳо ва ҳозирҷавобию дониши баланди муҳассилин диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.
Зимни ин чорабинии мақсаднок, дар ҳузури устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешаванд.
Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика