Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии «табиби халқӣ»

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 33-солаи сокини кӯчаи Шамсии пойтахт дар он хусус ворид гардидааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2019, зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо роҳи фиреб ба боварии ҳамсараш - зани 31-сола даромада, худашро «табиби халқӣ» муаррифӣ намуда, ӯро бовар кунонидааст, ки бо воситаи дуохонӣ дар маблағ ва ё ҷавоҳироти тиллоӣ ягон мушкилӣ дошта бошад, онро бартараф мекунад. 

Ҳамсараш ҷамъ ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиашро пешниҳод мекунад, ки онро дуохонӣ карда, ба рӯймол печонида ба бадани ӯ мебандад, то ки хироҷи (кирми) баданашро резонад.
Баъдан, номбурда аз дохили рӯймол ҷавоҳиротро гирифта, ба ҷояш пахта пур карда ба бадани ҳамсараш мебандад ва мегӯяд, ки дар муддати ду соат рӯймолро аз баданаш накушояд, ки ӯ пас аз ду соат омада боз дуохонӣ мекунад.
Пасон, номбурда бо роҳи пинҳонӣ ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 105 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, номбурда рӯзи 12-уми ноябри соли 2019 бо ҳамин роҳ ба боварии зани 53-солаи сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ 58 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика