Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо ҷавонони фаъол

117

Рӯзи 12-уми ноябри соли 2019 дар толори Коллеҷи тибии ноҳияи Рашт вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал -майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо ҷавонони фаъоли ноҳия ва минтақаи Рашт баргузор гардид. 

Инчунин, дар ин вохӯрӣ ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндагони Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сафари хизматӣ дар ноҳияҳои минтақа қарор доштанд, ширкат намуданд.
Дар раванди вохӯрӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло перомуни вазъи сиёсии воқеии ҷаҳон, оиди муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бар зидди терроризм – экстремизми байналмилалӣ, равияҳои ихтилофангези динӣ, ташкилоту гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои хориҷ ва натиҷаҳои таҳсил дар ин гуна макотиб, баргардонидани чунин толибилмон ибрози афкор намуд. Ҳамчунин доир ба масоили иҷрои вазифаи аввалиндараҷаи барои ҳомиёни марзу буми Ватан муҳим, садоқат ба ватану ба касби интихоб намуда, андешаронӣ кард.

118119120121

Ҳамчунин дар раванди вохӯрӣ ҷавонони фаъоли ноҳияҳои минтақа оид ба фаъолияти худ ба таври мушаххас ибрози афкор намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа як зумра ҷавонони фаъол барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми назаррас дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика