Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ҳифзи Ватан ҳамеша омодаем!

122

Санаи 10-уми ноябри соли 2019 бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо афсарони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир намуд.
Дар раванди вохӯрӣ Азизулозода С.А. ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо ин рӯзи муборак таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории худро такмил, бо техникаву таҷҳизотҳои муосир таъмин ва имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.
Хизмати содиқона, шуҷоат ва иродаи мустаҳками аъзоёни Дастаи таъиноти махсуси милитсияро Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД ҳамеша қадр мекунанд.
Дарки баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат буд, ки кормандони ин ниҳод дар муборизаҳои сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додаанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ як зумра афсарони Дастаи таъиноти махсуси милитсия барои хизматҳои шоён дар мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, суботу оромии ҷомеа бо медалу тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин барои тамоми ҳайати шахсии Дастаи мазкур дастурхони идона ороста шуд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика