Рӯзи 11-уми ноябри соли 2019 ҳайати гуруҳи кории кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ҷиҳати омӯзиши раванди ислоҳоти милитсия ба Ҷумҳурии Гурҷистон сафарбар гардиданд.
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Гурҷистон ислоҳоти худро дар низоми политсия соли 2008 оғоз намудааст ва имрӯз политсияи ин кишвар яке аз политсияи муваффақи низоми аврупоӣ ба ҳисоб меравад.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Гурҷистон ҳайати гуруҳи кормандони милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як самимияти беандоза қабул намуда, дар чараёни вохӯрӣ омодагӣ ва самимияти худро ҷиҳати ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия иброз намуданд.
Гул Маҳбуба, Шарифзода Хушбахт.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>