Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар ДДТТ фароҳам оварда шудааст

599

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста вохӯриҳои кормандони милитсия бо омӯзгорону муҳассилин гузаронида мешаванд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки чанд рӯз қабл кормандони шуъбаи ҷавонони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии мақсаднок гузаронида, бо шароити таҳсил ва омадурафти донишҷӯён ба дарсҳо аз наздик шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин муассисаи олии таълимӣ яке аз муассисаҳои куҳани ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти ин донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Донишгоҳи давлатии тиббӣ ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин донишгоҳ, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо шоистаи таҳсин аст. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.
Дар суҳбат бо маъмурият ва донишҷӯёни ин донишгоҳ кормандони милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таҳсилоти олӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки ин қонунҳо тамоми аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама волидонро вазифадор менамоянд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбият намоянд.
Тавре қайд карда шуд, донишгоҳ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Абдулло ШОҲИЁН, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика