Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки кормандони милитсия ба тарбиятгирандагони хона-интернат

596

Дастгиру ёвари ниёзмандон будан ва бо амалҳои хайрхоҳона хотири онҳоро шод намудан аҷру савоби бешумор дорад. Дар ин раванд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ амалҳои инсондӯстонаро анҷом медиҳанд. Ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» санаи 11 ноябр роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Гулистон ба Интернати назди муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен ташриф оварда, тарбиятгирандагонро бо либоси зимистона таъмин намуданд. 

Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон полковники милитсия Шарифзода Темур Икром бо тарбиятгирандагон суҳбат намуда сиёсати ятимпарварона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид дошт. Мавсуф онҳоро ба дарсомӯзӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, забономӯзӣ ва азхуд кардани илмҳои муосир, ки дар оянда барои мутахассис шудан дар ин ё он соҳа мусоидат мекунад, талқин намуд.

597598

Армуғони кормандони милитсия аз либосҳои гарм, пойафзолҳои зимистона ва ширинӣ иборат буд. Ҳамаи 21 нафар тарбиятгирандагони Интернати назди муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен аз чунин ғамхорӣ бархурдор шуданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика