Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшад!

590

Дар вохӯрие, ки бо ташаббуси масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ дар Литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб миёни ҷавонон, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳо, риояи қоидаҳои пӯшидани либосҳои мактабӣ, бе телефони мобилӣ ва автомашинаҳои шахсӣ ба дарсҳо ҳозир шудани донишҷӯён, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хусусан вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ-СПИД), рафти омодагиҳо ба зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Душанбе, ки тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин ҷамъомади судманд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои дахлдор доир карда шуд, сарнозири шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ ВКД майори милитсия Сафолзода Фаррух Сафаралӣ, муовини сардори Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ХПҲНҶ ВКД подполковники милитсия Равшан Тағоев, нозири шуъбаи ҷавонони ин хадамот капитани милитсия Каримзода Меҳрубон Каримҷон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Тавре зимни ин вохӯрӣ зикр карда шуд, риояи тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олӣ, алалхусус дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба манфиати донишҷӯёну омӯзгорон буда, боиси боз ҳам беҳтару хубтар гардидани ҳолати таълиму тарбия дар байни ҷавонон мешавад.
Ҳамчунин, ташкилкунандагони мулоқот доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи ҷавонон ибрози назар намуданд. Дар баробари баррасии масоили васеи марбут ба кору зиндагии ҷавонон, ҳамзамон, созмондиҳандагони вохӯрӣ доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бадахлоқиву бадрафтории баъзе донишҷӯён низ изҳори назар карданд.

591592

Маъмурияти ин муассисаи таълимӣ, дар навбати худ, аз сатҳи ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла аз робита бо кормандони милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки баргузории ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ дар таълимгоҳҳо ба ҷаҳонбиниву донишомӯзии ҷавонону донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Абдулло ШОҲИЁН, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика