Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомиёни кишварему таҳти фармон саф кашем!

585

Дар қисми низомии 3501-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» бо иштироки ҳайати афсарону сарбозон ҷамъомади тантанавӣ доир гашт. Ба чорабинии ҳарбӣ-низомӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ташриф оварда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» ба самъи ҳайати шахсии доимӣ ва тағйирёбандаи қисми низомӣ расонид.

Зимни суханронӣ Қудратулло Назарзода оиди дастовардҳои қушунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори таркибии ВКД ва умуман милитсияи тоҷик, аз саҳми мақомот дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ҳарф зад. Сарбозонро барои фарзандвор муҳофизи халқу Ватан шудан васф намуда амали онҳоро намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ номид.

586587588589

Ба муносибати «Рӯзи кормандони милитсия» якчанд нафар ҳайати қаториву роҳбарикунанда, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони қисми низомӣ барои хизмати арзанда ба нафъи халқу давлат бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипоснома ва Ифтихорномаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ, Фармондеҳи қушунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва роҳбарияти қисми низомӣ ҳамчунин бо рутбаҳои навбатӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дар идомаи қисмати тантанавӣ дар майдони сафороии қисми низомӣ тибқи оини низомиён аз ҷониби сарбозон машқҳои тактикӣ, аз ҷумла муҳорибаи тан ба тан, истифодаи воситаҳои махсус ва дигар усулҳои ҳарбӣ-низомӣ дар саҳнаҳои шартии ҷангӣ намоиш дода шуд. Гузашти низомии тантанавӣ ба чорабинӣ хотима бахшид.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо мақсади воқиф шудан аз таъминоти моддии қисми низомӣ аз амборхонаи захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ, ошхона, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммом, ҷойи хоби сарбозон ва дигар шароитҳои маишӣ дидан намуда ба афсарон ва шахсони масъул муносибати ғамхорона нисбати сарбозон, назорати ҷараёни хизмат ва рафтори оинномавиро тавсия дод.
Барои болидаруҳии сарбозон бо дастури Вазири корҳои дохилӣ барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона ташкил карда шуд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика