Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Маданияти ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 13:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ аз дохили ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-6”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2000 сомониро ташкил медиҳад. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза зани 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хобгоҳи корхонаи “Ҷунтай Сил-Силу”-и ноҳияи Данғара даромада, аз он ҷо 1-адад корти пластикии “Ориёнбонк”, ки дар дохилаш 8 ҳазору 798 сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика