Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ ва мардумфиребӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2015 дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе зани 46-солаи сокини кӯчаи А.Навоӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 70 000 доллари амрикоиро гирифта, ҷавоҳиротро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини кӯчаи Б.Ғафуров, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, даромада, аз ӯ барои тиҷорат 20 000 долларӣ амрикоӣ гирифта, 8 ҳазору 500 долларро баргардонида, боқимонда 11 ҳазору 500 долларро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика