Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ронанда дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 10-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Бекташев Аҳмадҷон Бердибоевич, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Панҷ ба самти шаҳраки Бохтар, дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фрунзеи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Форланд”, таҳти идораи ронанда, Қувватов Аъзамҷон Давлатбекович, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷ.БАЛХӢ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бекташев А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 10-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 17:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулон", Иргашев Комилҷон Ачилович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Қалайхумб-Хоруғ-Қулма” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур, Иргашев К.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика