Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи милитсия дар пойтахт

545

Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи муҳим, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи «Суруш»-и пойтахт ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати шахсии милитсияи пойтахт, собиқадорон, роҳбарони мақомот ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, роҳбарони идораву муассисаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба самъи иштирокдорон расонид.
Тавре номбурда дар суханрониаш таъкид намуд, милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини истиқрори сулҳу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ин касби пурифтихор намуда, беҳтарин суннатҳои волои ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу Савгандро ба насли имрӯзи мақомот боқӣ гузоштаанд.

546547

Дар чорабаинӣ ҳамчунин зикр гардид, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллату давлат саҳифаи навину дурахшон оғоз гардид, ки дар он солномаи мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия сабт гардидааст.
Саҳифаҳои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстист.
Бояд гуфт, ки чун дигар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ кормандони милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе фаъолияти босамар доранд. Маҳз фаъолияти пурсамар ва иҷрои баланди ӯҳдадориҳои хизматӣ, тактика ва донишу малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилист, ки имрӯз дар саросари кишвар сулҳу осоиштагӣ ҳукфармост.
Сол то сол бо дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат алалхусус роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боис гардидааст, ки милитсияи пойтахт ба тамоми лавозимоти хизматӣ, аз қабили бинову иншоотҳои замонавӣ, автомашинаву скутерҳои хизматӣ ва дигар инфрасохтори лозимӣ таъмин карда шудаанд.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
Дар ин замина, милитсияи пойтахт имрӯзҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда онро вусъат дода истодааст.

548549

Милитсияи пойтахт имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
Дар қисмати дигари чорабинии тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони мумтозу эҷодкорони машҳури кишвар бо фарогирии савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷаззоб пешниҳод гардида, хотири иштирокдоронро болида гардонид.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия
Садори Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика