Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳат аз ҳиссиёти авбошӣ

002

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷони кормандони милитсия марди 51-солаи сокини кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 6 ноябри соли 2019, тахминан соати 15:20-дақиқа, ҳангоми дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоб, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика