Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шоҳмансур

Рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Низомов Маҳмад, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе, аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронанда, Саъдуллоев Аброриддин Самандарович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо роҳи мошингарди кӯчаи С.Айнӣ аз тарафи кӯчаи Д.Халқҳо ба самти кӯчаи Мирзобек ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бадалов Абдулмаҷид Худойназарович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Лахш, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари дохили ҳамин автомашина Қурбонов Маҳмад, соли таваллудаш 1949, сокини шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика