Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми октябри соли 2019, соати 23:40-дақиқа, шахсони номаълум аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра»-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, дар кӯчаи Пахтаки ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили ҷӯйбор афтидааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир намуданд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки рӯзи 19-уми октябри соли 2019, тахминан соати 17:00, шахси номаълум аз нуқтаи таъмири мошинҳо, воқеъ дар кӯчаи Қосимоваи шаҳри Душанбе, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Хонда-Аккорд»-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонуни ҳай карда бурдааст.
Ҳангоми эълон намудани амалиёти «Боздошт» дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Баҳористон», воқеъ дар ноҳияи Восеъ, марди 22-солаи сокини кӯчаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика