Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини кӯчаи А.Дониши пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми июли соли 2019 дар назди хонаи истиқоматиаш марди 52-солаи сокини ноҳияи Варзоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Ивеко»-ро 100 000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аз моҳи феврал то моҳи марти соли 2018, марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариш даромада, якчанд маротиба аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 500 000 сомонӣ ва хонаи истиқоматиашонро гирифта, ба номи худаш ҳуҷҷатгузорӣ намудааст.
Дар натиҷа, ба номбурда 700 000 сомонӣ зарар расонидааст.
Нисбати шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика