Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак нишастани ноболиғ ба фоҷиа анҷом ёфт

Рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», ноболиғ, Шарифов Аҳмадшо Амирқулович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Авули пойтахт, дар кӯчаи Тунис аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Юсуфов Саид Идибекович, соли таваллудаш 1993 ва Маҳмадшоев Салимҷон Бегиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокинони кӯчаи Авулро пахш намуда, баъдан, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Ҳафизов Азиз Машрабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дигар мусофирони автомашинаи мазкур: Манучеҳри Уктам, Раҷабов Шариф Илҳомиддинович, соли таваллудашон 2002, сокинони шаҳри Душанбе ва пиёдагард Юсуфов С.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика