Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархӯрдани автомашинаи тамғаи “Чанху” ба тепловоз

Рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Раҳматов Алишер Субҳонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат кардан дар 215 километр дар роҳи оҳани ноҳияи Ҷ.Балхӣ – шаҳри Бохтар, воқеъ дар ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тепловози ТЭМ №5016, таҳти идораи машинист Тошпулотов Эргашалӣ Нурматович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғи “Чанху” Мелибоева Ҷангил Эргашевна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Усмонов Сунатулло Шодиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соатҳои 12:30- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Марк-2” Сайвалиев Файзалӣ Сайвалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Вахш ба самти маркази ноҳияи Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷариев Алланазар Нормаматович, соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Шаҳринави ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҷариев А.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика