Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавсеа ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеа

506Рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Раёсати мазкур ҷаласа оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия бо иштироки кормандони ғайриштатии милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.

Чорабиниро сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. оғоз намуда, вазифаю уҳдадории қувваҳои ёрирасони милитсияро бори дигар ёдрас ва таъкид дошт, ки ҳамкориро устувор намуда, нисбати ҳодисаю воқеаҳое, ки амнияти ҷомеаро халалдор мекунанд, бетараф набошанд.
Ҳамчунин дар самти ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсат, генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо маърузаи пурмуҳтаво намуда, зик кард, ки яке аз принсипҳои фаъолияти милитсия ин алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза зидди ҷинояткорӣ мебошад.
Бе робитаи милитсия бо ҷомеа ё бе ҳамкории ҷомеа бо милитсия таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки сарчашмаи рӯзгори осоишта дар ҷомеа маҳсуб меёбад ғайриимкон аст. Вақте милитсия аз мардум дур аст фаъолияти мақомот дуруст ба роҳ монда намешавад, дар такя бо аҳолӣ метавон пеши роҳи ҷинояткориро гирифт, афзуд Қ.Назарзода.
Дар ҷараёни чорабини қайд гардид, ки кормандони ғайриштатии милитсия, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия, аз ҷумлаи шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос мебошанд ва ҳамчун қувваи ёрирасон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон бо роҳбарии масъулини мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият бурда, саҳми назаррас доранд.

507509510

Бо мақсади қадршиносӣ намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманд бо масъулини мақомоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва саҳми арзандаашон дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, пешгирӣ ва рафъи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба 54 нафар кормандони ғайриштатии милитсия бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Каримзода Садбарг, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика