Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ манфиати бештар медиҳад

502

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққат дода мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин гуна равобит, кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Тавре маълум аст, чунин ҷамъомадҳои судманд, ки бо иштироки доираи васеи намояндагони бахшҳои гуногун, аз ҷумла масъулини соҳаи маориф, омӯзгорону муҳассилин ва волидони онҳо гузаронида мешаванд, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин як ҷамъомади судманд бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар вохӯрие, ки дар ин мактаб баргузор гардид, шумораи зиёди омӯзгорону волидон ва мактаббачагон иштирок намуданд. Зимни баромад дар ин чорабинӣ, сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор аз пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки яке аз чунин бахшҳо, ки тайи ин солҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардидааст, соҳаи мактабу маориф мебошад.

503

Дар идомаи суханронии худ мавсуф аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ёдовар шуда, иброз намуд, ки ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳониён андешида шуда, дар баробари ин ба пешрафту ободии минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тавре ӯ зикр намуд, дар доираи ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлат, бо дастгирии роҳбарияти ВКД, дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳо гузаронида шуда истодаанд, ки боварӣ аст ин тадбирандешиҳо ба пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат менамоянд.
Абдусаттор Фаттозода зимни баромад, ҳамчунин ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузориҳои соҳа низ дахл намуд. Аз ҷумла, ба андешаи ӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Ҳамзамон, мавсуф ба хотири ошноӣ пайдо намудани иштирокчиёни ҷамъомад бо вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, оид ба ин масъалаи муҳим низ изҳори андеша намуд.
Дар ҷамъомади мазкур, ҳамчунин масъулини чанде аз кумитаву идораҳои дахлдор суханронӣ карда, оид ба пешрафтҳои соҳаи маориф андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иброз намуд, имрӯзҳо дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд, ки иштирокчиёни асосии онҳо наврасону ҷавонон мебошанд. Мавсуф аз раванди бозсозиву навсозии иншооти варзишӣ дар ҳудуди пойтахт ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар пойтахт даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ҳамаи ин ташаббусҳо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ноболиғону ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Дар баромади муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров аз масъалаҳои вобаста ба дастгириҳои соҳаи маориф аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки маҳз натиҷаи ҳамин гуна ғамхориҳо аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаанд.
Тавре ӯ иброз намуд, мактаб барои ҳар як фард макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони мактаб бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи хонандагонро такмил медиҳанд.

504

Дар вохӯрии мазкур, инчунин омӯзгорону волидон низ изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, тавре масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор доштанд, баргузории суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимӣ боиси дастгирӣ буда, чунин чораандешиҳо барои пешгирии паҳншавии амалҳои номатлуб дар байни насли наврас таъсири мусбат мерасонад. Тавре зикр гардид, дар масъалаи тарбияи насли наврас ҳар як фарди ҷомеа бояд бетараф набошаду ҳар як волидайн дар татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад.
Абдулло Шоҳиён,
Дилшод Холов,
кормандони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика