Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани силсилақаллобиҳои марди 34-сола

Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Ҳисор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шарораи ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини деҳаи Тудаи шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 18000 доллари амрикоӣ гирифта, 3 ҳазору 800 долларашро баргардонида, боқимонда 14 ҳазору 200 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини деҳаи Туда даромада 33000 доллари амрикоӣ гирифта, 24000 долларашро баргардонида, боқимонда 9000 долларашро то ҳол барнагардонидааст.
Номбурда бо ин қаноат накарда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини деҳаи Туда даромада, 56000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 25-тоннаю 500 кг хӯроки чорво (кунҷола) медиҳад, аммо аз ин маблағ 20000 сомониро баргардонида, боқимонда 36000 сомониро то ҳол барнагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика