Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳабс: Боздошти кондуктор барои сархушӣ ва муносибати дағал бо мусофирон

4332

Шоми 11-уми октябри соли ҷорӣ як нафар сокини пойтахт тариқи суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ирсоли наворе, ки дар он муносибати дағалона ва кирдорҳои майдаавбошонаи пулчинак (кондуктор)-и хатсайри №42 нисбати мусофирон сабт гардидааст, аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда, ки ҳамчунин дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад. 

Дар асоси муроҷиати мазкур ва бо мақсади муайяннамоии ҳолатҳои дар навор зикргардида кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт сафарбар карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пулчинак (кондуктор)-и автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш 9775ТТ01, ки дар хатсайри №42 фаъолият менамуд, муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Дар натиҷа зимни санҷиш шахсияти дар навор инъикосгардида муайян карда шуд, ки ӯ шаҳрванд Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат буда, санаи 11-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми ба ҳайси ёвари ронандаи хатсайри мазкур ва ба ҳайси пулчинак фаъоляит намуданаш, дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, ба таври дағалона бо якчанд мусофирон, ки аксари онҳоро занон ташкил менамуданд, дарафтода нисбати онҳо суханҳои қабеҳ зада, шаъну шарафи шаҳрвандонро паст задааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур нисбати кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва зиддиҳуқуқии Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович аз рӯи талаботҳои моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика