Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ оид ба пешгирии қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиёт дар шаҳри Бохтар

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар чорабинии мақсаднок бо иштироки кормандони БДА, кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ-сайёҳӣ, Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур, баҳри пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, аз қабили идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, бо оинаҳои сиёҳшиша, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, вайрон намудани қоидаҳои санитарӣ -экологӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғон, гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ, ҳамагӣ 86-ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд, аз он ҷумла идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша 7- адад, бе ҳуҷҷати ронандагӣ 4-адад, аз муоинаи санҷиши техникии давлатӣ нагузаронидани воситаи нақлиёт-12 адад, надоштани суғуртаи ҳатмии давлатӣ 11-адад, бе рақами қайди давлатӣ 3-адад, ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок дар роҳ 2-адад, вайрон намудани қоидаҳои экологӣ ва дигар намуди қоидавайронкуниҳо.
Ҳамчунин дар рафти ин амалиёт якчанд ҳолати вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонӣ ва гуфтугӯ намудан бо телефони мобилӣ дар вақти идора намудани воситаи нақлиёт ошкор гардида, нисбати ронандагони мазкур тибқи талаботи моддаи 320 қисми 1 ва моддаи 310 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

03340-0-00-01-20203324-0-00-06-166VIDEO TS-0-03-16-480VIDEO TS-0-05-04-520

Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика