Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

63

Рӯзи 11-уми октябри соли 2019, тахминан соатҳои 23:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Суфизода Абубакр Корвон, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Ҷумъақулов Руслан Ҳуҷақулович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Панҷакент ва Мардонов Ҳуҷақул Баҳриевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда, Суфизода А.К. ва мусофири дигараш Ҳоҷиев Хуршед Шарифович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Рӯзи 12-уми октябри соли 2019, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-450», Маҳмудов Сулаймон Ҷангиевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Файзуллоева Гулҷаҳон Баҳриддиновна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Файзуллоева Г.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 13-уми октябри соли 2019, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», Муродов Диловар Аминович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идора намудани автомобил набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳикматов Дилшод Қудратович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар канори рости роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Ҳикматов Д.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс” Муродов Д.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика