Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф карда мешавад

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешгирикунанда доир карда мешавад. 

Яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мондааст, ин тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд маҳз нодуруст дар қатору дуюми сеюм таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт сабабгори ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо гардидааст.
Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номуқаррагардида таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирони бозрасии милитсияи пойтахт амалиёти мақсаднок ташкил ва гузаронида мешавад.
Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар дохил ва ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, дар қатори дуюму сеюм ва дигар ҷойҳои номуқаррашуда таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
Чунончӣ, бенизомиву бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюм дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти маршрути ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.
Нисбати он ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод намуда, боиси ба миён омадани тамбашавӣ мегардиданд, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

101 1Муҳаммадҷони Шодӣ - ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-470», рақами қайди давлатияш 0020 СУ 01
101 2Ёрзода Абдухалил Мадихон - ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-Х6», рақамаи қайди давлатияш 4775 ВМ 01;

101 3Салимов Карим – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатияш 0555 GG 01;

101 4Гадоев Олим - ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 7700 СХ 01;

101 5Ҷобиров Дилшод Раҳимович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 0010 НХ 01;

101 6Нуралиев Мансур Юсуфҷонович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 1999 MD 01;

101 7Ҳошимов Фахриддин Содиқҷонович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», рақами қайди давлатияш 1072 DD 01;

101 8Ҷалолов Абдуҷаббор - ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 0098 DD 01;

101 9Ибронов Файзуллохон Комронович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатияш 0088 АК 01;

101 10Холов Изатулло Саъдуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 7997 ВА 01;

101 11Нуров Муҳаммадҷон Шодиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1030 КК 01;

101 12Раҳмонов Умед Абдуғаффорович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Шкода», рақами қайди давлатияш 9180 ТТ 05;

101 1Абдуғаниев Алишер - ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатияш 6888 BD 01;

101 13Назиров Ҷунайдулло Сайфуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 5631 ТТ 05;

101 14Ғиёсов Абдуҳалимҷон Абдураҳимович - ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 6289 ТТ 05;

Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар истгоҳҳо ва ҷойҳои номуқаррагардидаи манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика