Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули ҳамкориҳои судманд бо ҷомеа

481

482

- Дар шароити имрӯзаи геополитикии ҷаҳон, ки муносибатҳои байниминтақавӣ мураккаб гардида истодааст, маҳз надоштани таҳкурсии маърифати динӣ ва дунявӣ, арзиши миллии фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, шомилшавӣ ва таассуб ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегонаи тундрав мебаранд. Самаранок пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз раисони маҳаллаву ҷамоатҳо, фаъолон ва волидайн вобастагии бевосита дорад, - зикр гардид рӯзи 19-уми сентябр дар вохӯрии кормандони милитсия бо директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва сокинон ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод.

Дар ин ҷамъомад, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт доир гардид, дар он раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан Тағдир, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва сардори ШВКД дар ин ноҳия полковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷамъомади мазкурро раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода оғоз намуда, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯзаи мо вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан баргузор мегардад. Ҳамчунин, илова намуд, ки мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷамъомади имрӯза натиҷаи хуб дода, дар минбаъда низ рушд ва ташаккули ҳамкориҳои судманд бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

483

Сипас, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода зимни баромади хеш дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, оқибатҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он» иброз дошт, ки имрӯз масъалае, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ҳам бошад, тамоюли афзоиши ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳонишавӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номус бо дастгирӣ аз сиёсати давлат ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин раванд бояд саҳмгузор бошад. Зеро пешгирӣ намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои ифротгаро ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда яке аз мақсадҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

484

Дар идомаи баромади худ С. Азизулозода вобаста ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуд.

Дар фароварди суханрониаш ӯ зикр кард, ки мо бояд пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ва дар ақидаамон устувор бошем, ба ифротгароёну иғвогарон, онҳое, ки аз номи ислом суханҳои бардурӯғ мегӯянд ва мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бовар накунем.
Дар хотиаи вохӯрӣ сокинони ноҳияи Нуробод баромад намуда, доир ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ,
Душанбе-Нуробод-Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика