Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия баҳри баланд бардоштани сифати кори таълиму тарбия дар байни ноболиғон

478

Ҳафтаи равон аниқтараш санаи 18-уми сентябр бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худоогоҳию масулиятшиносӣ дар қасри фарҳангӣ ноҳияи Деваштич конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-омили муҳим дар баланд бардоштани сатҳ ва сифати кори таълиму тарбия”доир гардид.
Дар конференсияи илмӣ - назариявӣ муовини аввали Раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Бобоева М.В, раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода С.Р., сардори ХПҲНҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Б.Р., мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД дар вилояти Суғд Ҳомидова М.Р., муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов А.С. ва намояндагони мақомотҳои маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, масъулини ХПҲБНҶ шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод, ҳамчунин аъзоёни Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок ва суханрони намуданд.

479480

Мавзӯи меҳварии конференсия ба дарёфти роҳу усулҳои таъсирноки пешгирии амалу кирдори зидиҳуқуқӣ бо иштироки ноболиғон, назорат ва таълиму тарбия аз ҷониби се институти манфиатдор - оила, мактаб ва ҷомеа бахшида шуда, дар ин самт андешарони сурат гирифт. Бо такя аз таҷрибаҳои пешқадами судманд ва мисолҳои воқеӣ иштирокчиёни чорабинӣ маълумотҳои зарӯриро ба даст оварданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ истифода хоҳанд кард.

Акбар Шарифӣ
капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика