Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти тарбиявӣ бо хонандагони Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд

475

Бо мақсади таъсир расонидан дар раванди камолоти маънавии наврасону ноболиғон масъулини ХПҲНҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо таҳияи нақшаи алоҳидаи тарбиявӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда бо хонандагон суҳбатҳои озод мегузаронанд. Дар чунин мулоқотҳо намояндагони мақомоти корҳои дохилиро ҷавонони гурӯҳи “Авангард” ҳамроҳӣ мекунанд, ки бо ҳамсолони худ вохӯрда дар баробари аз муаммоҳои онҳо бохабар шудан тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамоянд.
Ҳамингуна чорабинии тарбиявӣ бо иштироки роҳбарияти ХПҲНҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ, содиршавии ҷиноят бо иштироки наврасону ҷавонон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масъунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон мавзуҳое буд, ки атрофи он муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Аъзоёни гурӯҳи “Авангард” аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ба ҳамсолони худ маълумот дода, некрафторию касбомӯзиро талқин намуданд.

476477

Намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ меъёрҳои Қонунҳои амалкунандаро ба наврасон фаҳмонида бо мисолҳои воқеӣ аз ҳаёт ва амалу рафтори зидиҳуқуқии ҳамсолонашон маълумот доданд. Ба гуфти масъулин чунин тарзи корбари метавонад дар коҳиш ёфтани вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таъсир гузорад.

Акбар Шарифӣ
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика